Идоракунии хавфҳои амалиётӣ

ҶСК "Бонки Эсхата" бо дарназардошти таносуби оптималии сатҳи хавф ва даромаднокӣ ба идоракунии самараноки хавфҳои амалиётӣ диққати махсус медиҳад. Бонк низоми идоракунии хавфҳои амалиётиро мувофиқи принсипҳои мутобиқ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи пешқадами идоракунии хавфҳо месозад. Дар Бонк равандҳо ва моделҳои дохилӣ барои баҳодиҳии хавфҳои амалиётӣ татбиқ карда шуда, он имкон медиҳад, ки хавфҳои амалиётии аз омилҳои дохилӣ ва берунӣ баромадаро, самаранок идора намояд. Бонк идоракунии хавфҳоро дар асоси принсипҳои се хатти мустақили ҳимоя бо назардошти талаботи вуҷуд надоштани  бархӯрди манфиатҳо, ки масъулияти шӯъбаҳои бонкро барои хавф муайян ва таъмин менамояд, амалӣ намудааст.

Шӯрои нозирони Бонк масъулияти асосиро барои идоракунии хавфи амалиётӣ ба дӯш гирифта, инчунин сиёсатро дар ин самт муайян мекунад ва Раёсати Бонк иҷрои самараноки онҳоро таъмин месозад. Татбиқи принсипҳо ва расмиёти идоракунии хавфҳои амалиётиро Департаменти хавфи бонкӣ, ки барои фаъолияти низоми идоракунии хавфи амалиётӣ масъул аст, амалӣ менамояд, татбиқи принсипҳо ва усулҳои муайянкунӣ, баҳодиҳӣ, мониторинг ва назорати хавфҳоро таъмин карда, инчунин баҳодиҳии мутавозуни хавфҳоро мегузаронад, лимити хавфҳоро муқаррар намуда мониторинги сатҳи хавфҳоро мегузаронад, корҳои назоратӣ ва ҳисоботи саривақтӣ оид ба ҳолати хавфҳои амалиётӣ ба роҳбарияти Бонк пешниҳод  менамояд.

Бонк фавран ба шарикон, муштариён ва дигар шахсони манфиатдор бо дархости онҳо маълумоти муфассалро дар бораи низоми идоракунии хавфҳои амалиётӣ пешниҳод менамояд.


ба боло