Қарзҳо барои шахсони ҳуқуқӣ

Қарздиҳии корпоративӣ дар Бонки Эсхата

ҶСК "Бонки Эсхата" барномаи қарздиҳии корпоративиро барои шахсони ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд. Бо ёрии қарзҳои мо Шумо метавонед нақшаҳои худро амалӣ кунед: маблағҳои гардишро изофа намоед, номгӯи молҳоро зиёд кунед, таҷҳизоти нав харед ва ғайра. Ва муҳимтар аз ҳама, Шумо метавонед ба рушди тиҷорати боварӣ ҳосил намоед.

Манфиатҳои қарздиҳии корпоративӣ дар Бонки Эсхата:
- фоизхои паст, аз 9% солона;
- маблағҳои калон - зиёда аз 2 миллион доллари ИМА, тибқи воситаи нави молиявии "Тақсимоти хавфҳо бо БАТР"
- пардохти пеш аз мӯҳлат бидуни ҷарима;
- давраи имтиёзнок (вобаста аз хусусиятҳои бизнес ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ);
- хати қарзӣ ба мӯҳлати дароз ва бо шартҳои мусоид;
- хамкории судманд ва дарозмуддат бо шарикони бонк:


Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд;
Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ;
Бонки Рушди Осиё; 
КазахЭкспорт; 
UniCredit, Italy; 
Banca Popolare di Sondrio, Italy; 
CSOB, Czech Republic, 
VTB Deutschland, Germany; 
KBC Brussel/Belgium 
Commerzbank АG., Germany; 
Turkey Is Bankasi, Turkey; 
AktifBank, Turkey; 
Сбербанки Федератсияи Россия; 
Сбербанки Қазоқистон; 
ЦентрКредит Банк, Қазоқистон; 
АсакаБанк, Узбекистон; 
УзПромСтройБанк, Узбекистон; 


Барои ҳамоҳангсозии раванди ҳамкорӣ, коршиноси қарзии шахсӣ бо Шумо ҳамкорӣ менамояд, ки бо назардошти талабот ва хусусиятҳои фаъолияти Шумо бароятон барои интихоби маҳсулоти беҳтарин кӯмак мерасонад ва дар тӯли давраи қарзӣ ба Шумо  маслиҳат медиҳад.

Қарзҳои мо барои дастгирӣ ва рушди соҳаҳои савдо, истеҳсолот, сайёҳӣ, саноати кишоварзӣ равона карда шудаанд ва вобаста ба намуди қарз аз 9% -и солона пешниҳод карда мешавад.
 



Қарзи “Меваи тиллоӣ”

Қарзи мазкур дар доираи агроқарзҳо ва маблағгузории корхонаҳои кишоварзӣ пешниҳод шуда, минтақаҳои Исфара, Конибодом ва Аштро фаро  мегирад.

Мақсади қарз:

Дастгирии шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ, ки бо мақсади харидани ҳосили боғи дарахтони зардолу ва ё хароҷотҳои мавсимӣ барои чиниши зардолуи боғи худ маблағ меҷӯянд.

Шартҳои қарз:

  • маблағи карз:  аз 1000 то 60 000 сомони, то 15 000 сомони бе гарав ва бе зомин пешниҳод мегардад
  • муҳлати қарз: то 12 моҳ 
  • давраи имтиёзнок – 6 моҳ 
  • асъори қарз: сомони, рубли русӣ 
  • мӯҳлати амали хизматрасонӣ:  ҳамасола аз моҳи май то август

Ҳосили заррини зардолуро бо қарзи «Меваи тиллоӣ» ба даст оред!



Агролизинг

Мақсади қарз:

Дастгирии молиявии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони воқеӣ барои хариди мошин ё таҷҳизот барои соҳаи кишоварзӣ тавассути Агролизинг.

Шартҳои қарз:

  • маблағи қарз: то 500 000 сомонӣ
  • мӯҳлати қарз:  то 60 моҳ барои хариди техникаи кишоварзӣ, то 36 моҳ барои хариди таҷҳизоти кишоварзӣ;
  • асъори қарз: сомонӣ, доллари ИМА
  • тарзи пешниҳоди қарз: нақдӣ, ғайринақдӣ
  • мӯҳлати имтиёзнок: барои маблағи асосӣ то нисфи мӯҳлат

Мизоҷон бояд дар 12 моҳи охир дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи пайваста дошта бошанд. Барои қарзҳои аз 50 000 сомони зиёдтар, маблағи қарз набояд аз 80% нархи мошин ё таҷҳизот зиёд бошад.

Барои маълумоти иловагӣ лутфан ба рақами 808 занг занед



Қарзҳои миёна

Мақсади қарз: 
Маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ, маблағҳои гардиш, маблағгузории тиҷорат, аккредитив, кафолатҳои бонкӣ. 

Шартҳои қарз: 

  • маблағи қарз: аз 300 000 сомонӣ ва зиёда аз он, мутаносибан бо асъори хориҷӣ;
  • мӯҳлати қарз то 60 моҳ;
  • асъори қарз: асъори миллӣ ва хориҷӣ
  • тарзи пешниҳоди қарз: нақдӣ, ғайринақдӣ
Таъминоти гарав: 
  • таҷҳизот
  • амволи ғайриманқул
  • молҳо дар гардиш
  • чавоҳирот
  • гарави нақдӣ (амонат)
Ҷадвали пардохт: 
  • ҳармоҳона (шакли аннуитет)
  • семоҳа
  • ҳар нимсола
  • дар охири мӯҳлат
  • пардохти инфиродӣ тибқи лоиҳа

Дар сурати пеш аз мӯҳлат баргардонидани он, ҳеҷ гуна комиссияи пешпардохт ситонида намешавад. Имконияти истифодаи давраи имтиёзнок мавҷуд аст. Мизоҷоне, ки тиҷорати устувор ва таҷрибаи мусбии ҳамкорӣ бо ҶСК "Бонки Эсхата" -ро доранд, метавонанд бо истифода аз хати қарзӣ ба мӯҳлати дарозтар бо шартҳои муфид ва фоизи паст таъмин карда шаванд. 

Барои маълумоти иловагӣ лутфан ба рақами 808 занг занед



Лоиҳаи “Маблағгузории муштараки БАРТ ва Бонки Эсхата”

Мақсади қарз:
Қарз аз ҷониби Бонки Эсхата ва БАТР дар доираи лоиҳа пешниҳод мегардад. Қарзҳои пешниҳодшуда барои рушди соҳаҳои хоҷагидорӣ равона карда мешаванд:

  • лоиҳаҳои сармоягузорӣ
  • маблағгузории воситаҳои асосӣ
  • маблағгузории воситаҳои гардон
  • маблағгузории лоиҳаҳои нав
  • модернизатсияи истеҳсолот
Шартҳои қарз:
  • мӯҳлати қарз: то 60 моҳ
  • фоизи қарз: 12% солона;
  • асъори қарз: доллари ИМА
  • тарзи пешниҳоди қарз: нақдӣ, ғайринақдӣ
  • муҳлати имтиёзнок: то 24 моҳ

Барои маълумоти иловагӣ лутфан ба рақами 808 занг занед



Қарзи “Тезгир”

Мақсади қарз:
Маблағгузории сармояи гардиш. "Тезгир" барои мизоҷони фаъол ва такрорӣ, ки таърихи қарзии мусбӣ дар тӯли 12 моҳи охир доранд, пешбинӣ шудааст. Афзалияти асосии қарз – пешниҳоди қарз дар муддати кӯтоҳ!

Шартҳои қарз:

  • маблағи қарз: аз 200 000 сомонӣ, мутаносибан бо асъори хориҷӣ (вобаста аз ҳадди ниҳоии қарз)
  • мӯҳлати қарз: то 3 моҳ;
  • асъори қарз: асъори миллӣ ва хориҷӣ
  • тарзи пешниҳоди қарз: нақдӣ, ғайринақдӣ

Таъминоти гарав:
Дар доираи хатти асосии ҷорӣ 

Барои маълумоти иловагӣ лутфан ба рақами 808 занг занед



Қарзҳо барои рушди соҳаи кишоварзӣ

Мақсади қарз:
Дастгирии ҳама соҳаҳои кишоварзӣ: пахтакорӣ, растанипарварӣ, боғпарварӣ, чорводорӣ ва ғайра.

Шартҳои қарз:

  • маблағи қарз: то 1 000 000 сомонӣ
  • мӯҳлати қарз то 24 моҳ;
  • асъори қарз: сомонӣ, доллари ИМА
  • тарзи пешниҳоди қарз: нақд, ғайринақдӣ

Ҷадвали пардохт:
  • ҳар ҳафта
  • дар ду ҳафта як маротиба
  • моҳона
  • семоҳа
Дар сурати пеш аз мӯҳлат баргардонидани қарз, ҳеҷ гуна комиссияи пешпардохт ситонида намешавад.

Таъминоти гарав:
  • таҷҳизот
  • амволи ғайриманқул
  • молҳо дар гардиш
  • ҷавоҳирот
  • маблағҳои амонатӣ

Барои маълумоти иловагӣ лутфан ба рақами 808 занг занед!



ба боло