Лоиҳаи музди меҳнат

Бонки Эсхата ба мизоҷон ва ҳамаи корхонаҳо, ташкилотҳои шакли моликияташ гуногун татбиқи лоиҳаи музди меҳнатро бо истифода аз кортҳои бонкӣ пешниҳод менамояд. 

Лоиҳаи музди меҳнат ба ташкилот имконият медиҳад:

  • пардохти саривақтии музди меҳнати кормандонро, ҳатто дар шароити норасоии нақд таъмин намояд;
  • махфияти маълумотро дар бораи музди меҳнати кормандон нигоҳ дорад;
  • ҳаҷми хароҷоти корхонаро кам намуда, масъалаи ҳамлу нақли дороиҳо ва нигоҳдории он ҳал намояд;
  • хароҷотро кам карда, мушкилоти амниятиро ҳангоми интиқол ва нигоҳдории пул ҳал намояд; 
  • аз мушкилоти гузоштани маблағҳои талабнашуда ва зиёд шудани лимити бақияи нақд озод намояд.
  • барои баланд бардоштани обрӯи ташкилот тавассути истифодаи технологияҳои пешрафта мусоидат мекунад
  • хизматрасонии шабонарӯзии молиявиро ба кормандон таъмин менамояд;

Кормандони ташкилот имконият доранд:

  • дастрасии фавриро ба маблағҳои худ бо истифода аз шабакаи васеъи банкоматҳо пайдо намоянд;
  • пардохти хизматрасониҳо ва молҳоро бо истифода аз корти пардохтӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ анҷом диҳанд. 
  • ҳангоми гум шудани корт имконияти нигоҳдории пулро таъмин намоянд.
  • кафолати махфияти маълумотро оид ба даромад дошта бошанд;
  • истифодаи оптималии маблағҳо - маълумот дар бораи ҳолати суратҳисоб ба Шумо имкон медиҳад, ки хароҷоти худро ба нақша гиред ва назорат кунед. 
  • маблағҳои худро тавассути бонки мобилии Эсхата онлайн идора ва назорат кунед
  • аз имконияти истифодаи кортҳои пардохтӣ то 40% -и музди меҳнат ва мавҷуд будани давраи имтиёзнок истифода баред
  • дар доираи лоиҳаи музди меҳнат корти ройгон дастрас намоед
  • аз ҳисоби бақияи корт 3% солона гиред


ба боло