Рейтингҳо

«А-»  Барои натиҷаҳои назаррас барои фаъолияти соли 2007 аз ҷониби ширкати рейтингии Фаронса баҳогузорӣ карда шуд. Баҳои мазкур аз рȳи стандарти байналхалқӣ баланд буда, устувории молиявӣ ва суботи рушди бонкро нишон медиҳад.
 «А-» Барои натиҷаҳои баланди фаъолияти Бонк дар соли 2010 аз ҷониби агентии рейтингии Италия «MicroFinanza Rating» баҳогузорӣ карда шуд. Баҳои мазкур аз рȳи стандарти байналхалқӣ устувории молиявӣ ва суботи Бонкро нишон медиҳад. Ин баҳо шаҳодати он аст, ки ҳар сол фаъолияти амалиётии бонк, сифати сандуқи қарзӣ, идоракунии хавфи бонкӣ беҳтар мегардад.
«B 3» Бори нахуст дар таърихи соҳаи бонкии кишвар Бонки Эсхата сазовори баҳои калонтарин ва бонуфузтарин агентии рейтингии «Moody's Investors Service» гардид. Баҳои мазкур нуфуз ва обрȳи баланд, бренди пешрафта, диверсификатсияи хуби сандуқи қарзӣ, нишондиҳандаҳои қаноатбахши молиявии бонкро инъикос мекунад.
«B 3» Барои нишондиҳандаҳои хуби молиявӣ дар соли 2012 калонтарин ва бонуфузтарин агентии рейтингии «Moody's Investors Service» бори дуюм ба Бонки Эсхата баҳои (B 3) (Би се) гузошт, ки дараҷаи баланди тафсили сандуқи қарзӣ, таваҷҷȳҳи бонк дар самти қарздиҳии хурд ва тиҷорати чакана, нишондиҳандаҳои баланди молиявӣ аз ҷумла дороиҳо, пардохтпазирӣ ва даромаднокиро нишон медиҳад.
«B 3» Барои нишондиҳандаҳои хуби молиявӣ дар соли 2013 агентии «Moody's Investors Service» бори сеюм ба Бонки Эсхата баҳои (B 3) (Би се) гузошт. Инчунин солхои 2014-2021 низ бонк сазовори чунин бахо гардид.


26.10.2022

ба боло