Оё шумо аз қонуншиканиҳо дар Бонки Эсхата хабар доред?   

Ба телефони боварии комплаенс хабар диҳед!


Хуш омадед ба саҳифаи расмии Департаменти комплаенс-хавфи ҶСК «Бонки Эсхата»!

ҶСК «Бонки Эсхата» ҳамчун яке аз бонкҳои низомсози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутобиқати фаъолияти худ ба қонун, инчунин қоидаву стандартҳои аз ҷониби умум эътирофшуда дар соҳаи назорати комплаенс аҳамияти махсус медиҳад.    

      Бонк шуъбаи махсуси комплаенсро таъсис додааст, ки воҳиди мустақиле аст, ки бевосита ба Шӯрои нозирони Бонк ҳисобот медиҳад ва фаъолиятро дар соҳаи муайян, идоракунӣ ва назорати хавфҳои комплаенс мутобиқи Сиёсати идоракунии хавфҳои комплаенс дар ҶСК “Бонки Эсхата” амалӣ менамояд. 

      Мақсади асосии фаъолияти Шуъба мусоидат намудан ба Шӯрои Нозирон ва Раёсати Бонк дар ташаккули системаи назорати комплаенс ва идоракунии самараноки хавфи комплаенс, ки дар ҷараёни фаъолияти худ дар Бонк ба вуҷуд меояд, мебошад. Ҷузъи дигари муҳими Раёсат мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, мубориза бо маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба ҳисоб меравад. 

      Бонк ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ гуна амалеро, ки ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм, коррупсия ё қаллобӣ нисбат ба амалиёти худ, инчунин амалиёти кормандон ё шарикони худ нигаронида шудаанд, қабул намекунад. Ҳамин тариқ, Бонк кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалиро барои муқовимат бо ин амалҳо тавассути татбиқи фаъолонаи онҳо дар фаъолияти худ дастгирӣ менамояд. 

    Дар ин самт Бонк чораҳои назорати дохилиро, ки стандартҳои байналмилалӣ, қонунгузории кишвар ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, риоя менамояд.

      Бояд қайд кард, ки барои Бонк зарур аст, ки сари вақт дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои эҳтимолӣ ва ҳодисаҳое, ки аломатҳои коррупсионӣ ва қаллобӣ доранд, ҳам аз мизоҷон ва ҳам аз шарикони Бонк ва кормандони он тавассути тамоми шабакаҳои алоқа дастрас бошад. Бонк ифшои маълумотро дар бораи вайронкуниҳои гумонбаршуда ё маълум, инчунин хама гуна амали (беамалии) дигареро, ки боиси вайрон шудани қонун мегардад ё аллакай гардид, ташвиқ менамояд. Бонк махфияти маълумоти пешниходшударо кафолат медиҳад. Ҳар шахс метавонад ба Шӯъбаи комплаенс – хавфи ҶСК “Бонки Эсхата” дар ҳолатҳои зерин муроҷиат кунад: 

    - мавҷудияти далелҳои аз ҷониби Бонк ё корманди Бонк вайрон кардани қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла санадҳои меъёри - ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва расмиёти дохилии бонкӣ Сиёсат оид ба идоракунии комплаенс хавф

   - ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва фактҳои амалҳои қаллобӣ бо иштироки кормандони Бонк 

      Сиёсат оид ба муковимат ба коррупсия дар ЧСК Бонки Эсхата

      Сиёсат оид ба тухфахо дар ЧСК Бонки Эсхата

      Сиёсат оид ба эхсонкорӣ ва сарпарастӣ дар ҶСК «Бонки Эсхата

   - ғайриқонунӣ ифшо кардани сирри бонкӣ аз ҷониби кормандони Бонк Сиёсати иттилоотӣ

   - далелҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои ғайриқонунӣ ба даст овардашуда ва маблағгузории терроризм бо истифода аз хизматрасониҳои Бонк 

     Сиёсат оид ба МҚД.МТ МПСҚО

   - бархӯрди манфиатҳо бо иштироки кормандони Бонк Сиёсат оид ба бархурди манфиатхо

   - аз ҷониби кормандони Бонк вайрон кардани меъёрҳои этикаи корӣ Кодекси этикаи корпоративӣ

   - дигар ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба фаъолияти Бонк


Барои ирсол намудани паём ба комплаенс, Шумо метавонед аз формаи зеромада истифода баред:

 

Аз номи худ пайем гузоред  Махфӣ пайем гузоред


ба боло