Кормандони Бонки Эсхата дар ПЛАС Форуми 3-юми байналмилалии  «Финтех бе сарҳад. АвруОсиёи рақамӣ» баромад карданд
15.11.2022

Кормандони Бонки Эсхата дар ПЛАС Форуми 3-юми байналмилалии «Финтех бе сарҳад. АвруОсиёи рақамӣ» баромад карданд

Рӯзҳои 26-27 октябр дар ш. Алма-Атои Қазоқистон ПЛАС Форуми 3-юми байналмилалии «Финтех бидуни сарҳад. АвруОсиёи рақамӣ” баргузор гардид.

Иштирокчиёни форум масъалаҳои мубрами зеринро баррасӣ карданд:

• Бартараф кардани оқибатҳои буҳрони коронавирус;
• Тағйири минбаъдаи афзалиятҳо дар соҳаи пардохт;
• Лоиҳаҳои асъори рақамии бонкҳои марказӣ (CBDC);
• Трансформатсияи фаъолияти бонкӣ;
• Бизнес моделҳои нави эквайрингӣ;
• Иқтисоди экосистемаҳо, муайянкунии фосилавӣ;
• Таҷрибаҳои беҳтарин дар соҳаи бонкдории чакана;
• Ҳамкории байни бонкинг ва савдои чакана ва дигар.


Сайдулло Насуллоев, Сардори Департаменти тиҷорати рақамӣ ҳамчун яке аз баромадкунандагони Форум дар мавзӯи «Тағйироти рақамӣ. Нигоҳе аз дарун. Нақши Agile дар трансформатсияи рақамӣ» маъруза кард. Ӯ аз таҷрибаи Бонки Эсхата дар самти табдилдиҳии рақамӣ нақл кард, оид ба душвориву монеаҳое, ки бонкҳои анъанавӣ бо онҳо дучор мешаванд сухан кард. Ҳамчунин оид ба таҳияи стратегияи дарозмуддат ва оид ба ниези насли нав ба “ҳоло ва дар ин ҷо” гуфта гузашт.

Дар Форуми мазкур инчунин дигар кормандони Бонки Эсхата Юлия Глинянная – сардори Департаменти ҳисоббаробаркуниии амалиётӣ, Шуҳрат Усмонов – сардори Департаменти тиҷорати чакана ва Акмал Насридинов – роҳбари Маркази рушди маҳсулоти чакана ширкат варзиданд.

Дар Форум як қатор масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи тиҷорати электронӣ, финтех ва тиҷорати пардохтӣ баррасӣ шуданд. ПЛАС Форуми 3-юми байналмилалии «Финтех бидуни сарҳад. АвруОсиёи рақамӣ”, чакана ва бонкҳоро ба ҳам овард. Ташкилкунандагони форум қайд карданд, ки чорабинии мазкур дар байни мутахассисони соҳаи пардохтҳои чаканаи онлайн/офлайн ва бозори молиявӣ таваҷҷӯҳи зиёд ба вуҷуд овард.

“Мо ба ташкилкунандагони Форум барои пешниҳоди имконияти муошират бо иштирокчиёни пешбари бозори технологияҳои рақамӣ ва коршиносони касбӣ изҳори миннатдорӣ баён менамоем. Боварии комил дорем, ки таҷриба ва дониши дар ин Форум гирифтаро дар фаъолияти амалии худ бомуваффақият татбиқ хоҳем кард», - гуфт Усмонов Ш.

Бонки Эсхата: "Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!"


Возврат к списку

ба боло