![]() Хушхабар! Акнун Шумо метавонед корти VISA-ро бо муҳлати 5 сол фармоиш диҳед!
Ду сол зуд гузашт ва шумо бояд корти навбатиро аз нав фармоиш диҳед? Мо хушхабар дорем! Акнун муҳлати эътибори корти VISA ба ҷои 2 сол ба 5 сол тамдид карда шуд. Навоварӣ барои кортҳои нави VISA эътибор дорад, ки аз санаи 16.11.2022 сол фармоиш дода мешаванд. Бо истифода аз корти VISA шумо бартариҳои зеринро ба даст меоред: • Имконияти пардохти молҳо ва хизматрасониҳо дар нуқтаҳои фурӯш ва хизматрасонӣ дар саросари ҷаҳон, дар ҳама он нуқтаҳое, ки бо логотипи VISA ишора шудаанд • Имконияти интернет пардохтҳо • Имконияти зиёд кардани маблағ: + 3% солона дар бақияи корт • Имконияти ба даст овардани туҳфаҳои қиматбаҳо дар доираи аксияи “Бурди афсонавӣ” https://eskhata.com/about/news/6521/. Аксия аз 09.09.2022 то 31.12.2022 эътибор дорад. Муҳлати амали корт барои ҳама намуди кортҳои VISA (сомонӣ/доллари ИМА) тамдид карда шуд. Нархи кортҳои VISA бетағйир боқӣ мемонад. Ҳангоми фармоиш додани корт тавассути “Эсхата Онлайн” ба мизоҷон аз арзиши корт 50% тахфиф дода мешавад. Муҳлати эътибори корт, сарфи назар аз тарзи фармоиши корт, 5 сол хоҳад буд. Бонки Эсхата: «Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!» |