28 соли рушди устувор!
29.11.2022

28 соли рушди устувор!

•    Зиеда аз 500 муассисаҳои калони Ҷумҳурӣ аз ҷониби Бонки Эсхата маблағгузорӣ карда шуданд

•    Зиеда аз 13 220 соҳибкорони ватанӣ ҳамроҳи мо тиҷорати худро рушд доданд

•    Зиеда аз 4 150 хоҷагиҳои қишлоқ ҳосили худро дар ҳамкорӣ бо мо зиёд карданд

•    Зиеда аз 120 900 оила ниезҳои худро оид ба харидорӣ намудани техникаи маишӣ, пардохти маблағи хониш, табобату истироҳат, харид ва таъмири манзил қонеъ гардониданд  

•    Беш аз 458 000 мизоҷон аз кортҳои Бонки Эсхата истифода намуда, интиқоли пулиро ба корт қабул менамоянд

•    Зиеда аз 453 000 мизоҷон ҳамроҳи мо ба хизматрасонии фосилавӣ гузашта, аз бонки мобилии “Эсхата Онлайн” фаъолона истифода мебаранд

•    Зиеда аз 19 800 нафар мизоҷон ба Бонки Эсхата маблағҳои худро бовар карда, аз ҳисоби пасандози муҳлатнок фоида гирифтанд

•    Зиеда аз 700 ҳазор мизоҷони мо бо наздик кардани фосила, аз пайвандони худ интиқоли пулӣ мегиранд


Аз таъсисёбӣ то рушд!

Яке аз пешсафони бозори молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки низомсози кишвар - Бонки Эсхата 28-умин солгарди таъсисёбии худро таҷлил менамояд.

Бонк фаъолияти худро соли 1993 оғоз карда, дар тӯли солҳои мавҷудияти худ тамоми солҳои тағйирот ва ташаккули низоми устувори молиявии кишварро бо онҳо паси сар карда, сазовори садоқати мизоҷон гардидааст. Таърихан пешсафи сегменти интиқоли пулӣ ва муомилоти асъорӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Айни замон Бонк дар марҳилаи дигаргунсозӣ қарор дорад, ки ҳадафи стратегии ишғол кардани мавқеи пешсафӣ дар бозори бонкӣ ҳамчун як бонки мукаммали чакана ва бонк барои мизоҷон – соҳибкорони хурду миёна мебошад.

Имрӯз фаъолияти Бонки Эсхата ба стандартҳои соҳаи идоракунии корпоративӣ мувофиқат мекунад. Ҳайати Шӯрои нозирон ва Раёсати Бонк аз ҳисоби аъзоёни нави мустақил – коршиносони байналмилалӣ пурра гардид.

Тағйироти ESG (Environmental, Social and Governance) барои Бонк равияи афзалиятноки Бонк ба ҳисоб рафта, он то ба сатҳи ҳадафи стратегӣ бардошта шудааст. Бонк тасмим гирифтааст, ки аввалин бонки “сабз” дар Тоҷикистон шавад ва омилҳои ESG-ро ба равандҳои дохилӣ тавассути таҳияи сиёсати маблағгузории сабз ва азнавсозии идоракунии корпоративӣ барои мусоидат ба рушди устувор ворид намояд.

Дар самти HR, Бонк барои таълим ва рушди кадрҳоро мунтаззам маблағгузорӣ мекунад, механизмҳои интихоби кадрҳо, мутобиқсозӣ ва роҳнамоии кормандони нав амалӣ гардида, барномаи захираи стратегии кадрҳо амалӣ карда мешавад.

Бонк аз рӯи даромаднокӣ дар байни муассисаҳои молиявии кишвар ҷои дуюмро ишғол мекунад ва аз рӯи инфрасохтори шабакаҳои банкоматҳо ва POS - терминалҳо дар кишвар дар сегонаи беҳтаринҳо қарор дорад. Бонк аҳолиро мунтаззам бо пули нақд таъмин намуда, барои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор аст. Инчунин аз рӯи маъруфият бо барномаи мобилии “Эсхата Онлайн”, Бонки Эсхата яке аз се пешсафони кишвар махсуб меебад.

Ташаккур, ки Бонки Эсхатаро интихоб кардед!

Бонк бо оҷонсии рейтингии байналмилалӣ, ки баҳодиҳии мустақили фаъолияти молиявии Бонкро анҷом медиҳанд, ҳамкории зич дорад. Дар солҳои охир, оҷонсии Moody's Investors Service фаъолияти Бонкро аз рӯи ҷадвали рейтинги B3 (2011–2021) бо дурнамои "устувор" арзёбӣ кардааст.

Бонк тӯли солҳои зиёд шарики боэътимоди бисёр ширкатҳои молиявии байналмилалӣ ва ҷомеаи сармоягузорӣ буда, дар самти иштирок дар барномаҳои гуногуни байналмилалӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ афзалияти устувор дорад. Барои ҷалби захираҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва сармоягузорон бо IFC, KfW,  BlueOrchard Microfinance Fund, БАТР, Фонди бозтамвили Symbiotics, DWM, Incofin, ADB ҳамкорӣ дорад.

“Мо итминони комил дорем, ки он таҷрибаи калоне, ки Бонк дар тӯли солҳои мавҷудияти худ ба даст овардааст, пайравӣ ба стратегия, таҳкими минбаъдаи мавқеи бонк ҳамчун яке аз муассисаҳои пешбар ва устувори молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гарави муваффақияти дар амал татбиқ намудани боз лоиҳаҳои наву муҳим хоҳад гардид.

Ва албатта, аз фурсат истифода бурда, ба ҳамаи онҳое, ки дар ҳаёт ва рушди Бонк фаъолона ширкат меварзанд, изҳори сипосмандӣ баён мекунем.

Зеро, муваффақияти Бонки Эсхата ба шарофати эътимод ва интихоби мизоҷон, ҳамкории судманд бо шарикон, дастгирии давлат, кумаки саҳҳомон, аъзоёни Шӯрои нозирон ва Раёсати бонк, инчунин меҳнати софдилона ва содиқияти кормандони Бонки Эсхата имкноннопазир аст. Ба шарофати ҳамкории мутақобилан судманд мо бо Шумо рушд мекунем – иброз дошт Раиси Раёсати ҶСК “Бонки Эсхата” Райнер Мюллер-Ҳанке

Бонки Эсхата: "Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!"




Возврат к списку

ба боло