Аз бонуи хоксори деҳотӣ то ба соҳибкорзани муваффақ, ки ба 16 давлати дунё сафар кардааст
06.10.2023

Аз бонуи хоксори деҳотӣ то ба соҳибкорзани муваффақ, ки ба 16 давлати дунё сафар кардааст

Аз бахши "Таърихи муваффақияти мизоҷ"

Ба куртаи арусии ӯ, ки дар шаби тӯйяш ба бар карда буд, харидор зиёд шуд. Ҳамон вақт бори аввал куртаи ӯро кироя карданд. Ҳамин тавр дар фикраш идеяи кушодани толори арӯсӣ пайдо шуд.

Соҷида Ахмедова – соҳибкорзани муваффақ, бонуи хушмуомилаву некбини деҳотӣ.
15 сол пеш тиҷорати худро оғоз кард. Ӯ худ дӯзанда - ороишгари либос аст. Барои пешбурди тиҷорат аз деҳот ба Душанбе омад ва толори хурдакакро бо ҳамагӣ 7 дона куртаи арусӣ, ки аз Украина оварда буд, оғоз кард. Талабот нисбати куртаҳояш руз то руз зиед мешуд, чунки худи Соҷида ба дизайн ва ороиши куртаҳо мувоффиқи хоҳиши мизоҷ дигаргунӣ медаровард. 

Соҷида хост тиҷораташро васеъ карда, аз давлатҳои Украина ва Хитой, дигар намуд куртаҳои арусӣ биёрад. Маблағаш кам буд ва ӯ ба Бонки Эсхата муроҷиат намуд. Бонк дархости қарзиашро тасдиқ кард ва Соҷида барои овардани моделҳои нави куртаҳо ба давлатҳои хориҷа сафар кард. Фурсате расид, ки тиҷораташро боз васеъ намояд. Толори барҳаворо дар бозори Панҷшер ба иҷора гирифт ва корашро дар он ҷо идома дод. 

“Ҳар як куртаро то 3-4 маротиба ба кироя медиҳам, баъд бо нархи арзон мефурушам. Ороши муй ва руй низ дохили нархнома аст. Агар бинам, ки арус аз курта норозӣ аст, кӯшиш мекунам, ки дигар намуд куртаро барояш интихоб намоям, гарчанде нархаш қимматтар бошад ҳам. Муҳимаш арӯс аз мо розӣ ва хурсанд равад” – гуфт Соҷида.

Тиҷораташ тавассути Инстаграм ва бо усули даҳон ба даҳон, ё ин ки аз руи истилоҳоти маркетингӣ -“Сарафанное радио” тарғиб мешавад.

Битарсӣ – намешавад!
“Ман мехоҳам, ки бештар занҳои деҳотӣ кор кунанд. Аз ҳисоби меҳнати худ зиндагиашонро пеш баранд. То ба имруз наздик 20 нафар занҳо ва духтарони деҳотро бо кор таъмин намудам, ки барои ороиши ҷомаи арӯс ва сарпушу руймоли арусӣ бароям кӯмак мекунанд.  Барои оғози тиҷорат тарсидан лозим нест. Битарсӣ -намешавад! Ман зани оддии деҳотӣ ҳастам, шароити зиндагиам на он қадар хуб буд. Ҳамсарам дар Русия кор мекард, камтар маблағ равон кард, то корамро оғоз кунам. Маблағи равонкардааш кифоягӣ накард, аз бонк қарз гирифта, тиҷоратамро оғоз кардам.

Барои бонувони Тоҷикистон бо тиҷорат машғул шудан душвор нест, чунки шароит муҳайе аст. Зани тоҷик худ бағайрат аст. Фақат камтар идея, фантазия ва меҳнат кардан лозим аст” – гуфт ӯ.

Нигоҳи нав ба тиҷорат
Духтари Соҷида калон шуд ва пеши худ мақсад гузошт, ки дар хориҷа таҳсил мекунад. Барои дастгирии духтараш, Соҷида аз Бонки Эсхата маблағи қарзӣ гирифта, фарзандашро ба хориҷа гусел кард. Гуфтан мумкин аст, ки маблағгузории таҳсил ба сармоягузории фоидаовар табдил ефт. Духтари Соҷида на фақат таҳсилро хуб анҷом дода дар Люксембург соҳиби касб гардид, балки идеяҳои нави тиҷоратро, ки дар хориҷа мушоҳида мекард, ба модараш меомузонд. Бо мурури замон худи Соҷида  ба 16 давлати дуне сафар кард, то барои ҷорӣ кардани навгонӣ ва рушди тиҷораташ нигоҳи нав пайдо кунад. 

“Дар Фаронса ва Брюссел як намуд куртаҳое дидам, ки хеле зебо духта шуда буданд. Барои харидорӣ кардан нархаш гарон буд, барои ҳамин фикр кардам, ки аксашро гирифта дӯхтанашро ба Ӯзбекистон фармоиш медиҳам. Аз соҳибони толори арусии давлатҳои хориҷа барои аксбардории якчанд модели куратҳо иҷозат гирифтам, бар ивази он ба онҳо акси дизайни либосҳои миллии тоҷикиро пешниҳод кардам, ки барояшон хеле писанд омад” – гуфт Соҷида.

 Ҳамин тавр намуди либосҳои толори арусиаш бо намуди куртаҳои аврупоии нодир пурра гардид, духтараш бошад илҳомбахши нигоҳи нав ба тиҷорат.

Куртаи сафеди арусӣ ё атласу адрас?
Гарчанде талабот нисбат ба куртаҳои сафеди арусӣ зиед бошад ҳам, Соҷида мехоҳад, ки гулдухтарони мо бештар куртаҳои аз атласу адрас ва крепдешин духташударо шаби тӯи арусиашон ба бар кунанд. У нақша дорад, ки ин намуд куртаҳоро чунон зебо дӯхта оро диҳад, ки талабот ба онҳо низ зиед гардад. Матоҳоро аз Узбекистон ва Туркия дастрас намуда, аллакай барои омода намудани дизайни куртаҳои миллӣ кор карда истодааст.

Дастгири ҳамешагии ман - Бонки Эсхата
“Ба Бонки Эсхата ҳазорон раҳмат, ки ба пешравии корам кӯмак мекунад. Ба ғайр аз дастгирии молиявӣ дар намуди қарз, ман боз дар семинар машваратҳои ройгони бонк фаъолона иштирок менамоям, то барои пешбурди тиҷоратам навгониҳоро истифода барам”  - миннатдорӣ баён кард мизоҷ.

Бояд қайд, ки Соҷида Ахмедова аз соли 2013 инҷониб мизоҷи фаъоли қарзии бонк буда, солҳои охир аз маҳсулоти қарзии “Имкон”, ки махсусан барои соҳибкорзанони Тоҷикистон дар доираи барномаи “Занҳо дар тиҷорат” таҳия шудааст, истифода мебарад. Мизоҷ дар аз аввалин рӯзи ҳамкорӣ бо бонк ба маблағи зиеда аз 1,3 млн. сомони қарз гирифтааст, аз он ҷумла аз қарзи “Имкон” низ истифода бурдааст. Маблағи охирини қарзӣ дар доираи “Имкон” 100 000 сомониро ташкил намуд, ки мизоҷ барои рушди тиҷорати худ истифода бурдааст.

Ба Соҷида Ахмедова бурдбориро таманно намуда, шодем, ки дар сафи мизоҷони бонк чунин соҳибкори муваффақ ва зани хушмуомилаву ғамхор дорем.

Бонки Эсхата: “Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!”


Возврат к списку

ба боло