Бурди электромобилҳо наздик аст! Дар телефони худ ёддошт гузоред!
10.10.2023

Бурди электромобилҳо наздик аст! Дар телефони худ ёддошт гузоред!

Пазмон шудед?

Мо корҳои ташкилиро анҷом дода, омодаем, ки санаи даври финалии аксияи “Интиқоли бурднок”, яъне марҳилаи бурди туҳфаҳои асосӣ – 4 ЭЛЕКТРОМОБИЛИ замонавиро бароятон эълон намоем. Инак санаи 17.10.2023 соати 18:50 пахши мустақимро дар ТВ Суғд ва ҳамзамон тариқи шабакаи YouTube тамошо кунед. 

Махсус пахши мустақимро интихоб намудем, то ки аз шаффофияти рафти бурд шубҳае пайдо накунед. Агар вақти пахши мустақим бароятон ноқулай бошад, пас сабти пахши мустақимро дар YouTube дар вақти бароятон дилхоҳ тамошо карда метавонед.

Иқбол ёратон бод! 


Возврат к списку

ба боло