Интиқоли пулиро ба Тоҷикистон тавассути барномаи мобилии Тинкофф ирсол намоед!
11.10.2023

Интиқоли пулиро ба Тоҷикистон тавассути барномаи мобилии Тинкофф ирсол намоед!

Акнун хешу наздиконатон метавонанд интиқоли пулиро бе комиссия, тавассути барномаи Тинкофф, ба корт ё ҳамёни электронии Шумо ирсол намоянд. Ба ирсолкунанда танҳо рақами телефони Шумо лозим аст. 
Ин имконият ба шарофати ҳамкории дуҷонибаи Бонки Тинкофф ва Бонки Эсхата фароҳам омад. 
Афзалиётҳои интиқоли пулӣ тавассути барномаи мобилии Тинкофф:

Маблағ фавран ба суратҳисоби интиқолгиранда гузаронида шуда, барои истифодабарӣ дастрас мегардад.
Барои ирсол ё қабули интиқоли пулӣ ташриф ба Бонк лозим нест. Интиқол онлайн тавассути рақами телефон сурат мегирад. 


“Шодем, ки ба шарофати рушди ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ мо ба шаҳрвандони худ, ки дар Федератсияи Русия қарор доранд, имконият фароҳам меорем, ки интиқоли пулиро ба хонаводаи худ онлайн ирсол намоянд. Бехатарӣ, бароҳатӣ ва фоида – ин аст он чизе, ки мизоҷони мо аз истифодабарии хизматрасонии Тинкофф баҳра мебаранд”, - гуфт Шӯҳрат Усмонов, муовини Сардори Департаменти тиҷорати чаканаи ҶСК “Бонки Эсхата”.

Бонки Эсхата: «Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!» 


Возврат к списку

ба боло