Шиносномаро дархост кардед? Хизматрасониро онлайн пардохт кунед
12.10.2023

Шиносномаро дархост кардед? Хизматрасониро онлайн пардохт кунед

Мо ваъда кардем, ки ба шумо имконияти боз ҳам бештари пардохти ҳаққи хизматрасониҳои давлатиро фароҳам меорем. Акнун истифодабарандагони Эсхата Онлайн метавонанд ҳаққи хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро мустақиман аз телефони худ пардохт намоянд. Барои ин аз бахши “Государственные услуги” дар “Эсхата Онлайн” истифода бурда, хизматрасонии лозимиро интихоб ва пардохт кунед.



1. Ба “Государственные услуги Smart Pay” гузаред
2. Рақами ҳисоберо, ки аз мутахассиси хизматрасони хадамот гирифтед, ворид кунед
3. Маълумот ва маблағи пардохтшаванда ба таври автоматикӣ пайдо мешаванд
4. Маблағро ворид созед ва ҳисобро интихоб намоед
5. Тугмачаи “Продолжить”-ро пахш кунед
6. Пардохт бомуваффақият анҷом дода шуд

Мо хуб дарк мекунем, ки вақти шумо то чӣ андоза арзиш дорад ва мо мекӯшем, ки зиндагии мизоҷонро осонтар созем. Дар ҳар куҷое, ки набошед, мустақилона аз телефони худ пардохт кунед. Бо истифода аз Эсхата Онлайн раванди пардохти хизматрасониҳои давлатӣ боз қуллай ва осон гардид.

Бонки Эсхата амнияти пардохтҳо ва махфияти маълумотро кафолат медиҳад.

Хотиррасон менамоем, ки Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, оғозан аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.

Бонки Эсхата: «Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!»



Возврат к списку

ба боло