Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон
17.10.2023

Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон

ҶСК “Бонки Эсхата” ба маълумоти саҳмдорони Бонк мерасонад, ки санаи 10 ноябри соли 2023, соати 09:00 Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон баргузор мегардад.

Шакли баргузории маҷлис – рӯ ба рӯ, ҷои баргузорӣ – бинои Сарбонк, суроға: ш.Хуҷанд, к.Гагарин 135 , усули баргузорӣ – рӯ ба рӯ: ҳузури шахсӣ ё фосилавӣ тавассути барномаи “Zoom”.

Санаи тартиб додани рӯйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони ҶСК “Бонки Эсхата” ҳуқуқ доранд- 20 октябри соли.2023:

Рӯзномаи маҷлис:

1.      Интихоби раискунанда ва эълони кворум барои гузаронидани маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони  ҶСК “Бонки Эсхата”

2.      Баррасии масъала оид ба ҳайати Шӯрои нозирони ҶСК “Бонки Эсхата”

Ҳангоми пайдо шудани саволҳо, шумо метавонед бо Котиби корпоративии Бонк- Фарангис Суванова бо рақами телефонии (44) 600-0-600 (дох.106) ё ба суроғаи электронии CorporateSecretary@eskhata.com, тамос гиред.


Возврат к списку

ба боло