Бонки Эсхата ҷоизаи " Employer Brand Award 2023"-ро соҳиб шуд
18.10.2023

Бонки Эсхата ҷоизаи " Employer Brand Award 2023"-ро соҳиб шуд

Бонки Эсхата, ки номзади ҷоизаи “Employer Brand Award 2023" буд, барандаи ҷоизаи нуқра дар номинатсияи “Натиҷаи тиҷорат” ва инчунин дар номинатсияи “Пешрафти сол” барандаи ҷоизаи биринҷӣ гардид.

Ҷоизаи “Employer Brand Award 2023” эътирофи объективии корфармоён аз ҷониби коршиносони Аврупо, Аморати Муттаҳидаи Араб ва кишварҳои ИДМ мебошад. 

Иштирок дар ҳамоиш ва ҷоизаҳо ба ширкатҳо чӣ медиҳад?

• Эътирофи муваффакияти кори онхо аз ҷониби мутахассисон ва аҳли чамъият 
• Тавсияҳо дар вақти пешниҳоди лоиҳаҳо ва таҳияи бренди корфармо
• Бренди навшудаи корфармо дар ҷомеаи касбӣ зудтар паҳн мешавад
• Мубодилаи таҷрибаҳо, имконияти омӯхтани идеяҳои беҳтарин барои такмил додани таҷрибаи номзад ва корманд

Маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 13 октябр дар меҳмонхонаи Hyatt Regency, ш.Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи лоиҳаи EMBRAS, ки бори аввал соли 2017 оғоз шуда, аввалин платформаи доимӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад, баргузор шуд. Шашумин Ҳамоиши байналмилалии бренди корфармоён EMBRAS 2023 соли ҷорӣ ба мавзӯи “Одамон ҳамчун дороии стратегӣ барои рушди тиҷорат” бахшида шуд.

«Бо гирифтани ҷоиза метавонам бигӯям, ки ман аз номи тамоми коллективи Бонки Эсхата ҳиссиёти шодиву ифтихор дорам. EMBRAS як имконияти беназирест барои эълон кардани худ ҳамчун яке аз беҳтарин корфармоён, баланд бардоштани ҷолибияти бренди HR, ба даст овардани эътирофи ҷомеаи касбӣ ва дар ниҳоят ҷалб ва ҳавасманд кардани беҳтарин мутахассисони бозор.
Дар рафти ҳамоиш мо на танҳо ҷоизаҳо ва қадрдонӣ, балки таҷрибаи бебаҳо, донишҳои навро соҳиб гардидем, ки ҳатман онҳоро дар амал татбиқ хоҳем кард, то боз ҳам беҳтар гардем»
, - қайд кард Малика Алимбаева, сардори Департаменти кор бо кормандони Бонки Эсхата.

Ин аввалин иштироки Бонки Эсхата дар EMBRAS буд, вале охирин нест. Бонк бо хоҳиши калон номзади навбатии Ҷоизаи “Employer Brand Award 2023" мешавад ва дар ҳамоиши навбатӣ бо мақсади таҳким ва пешбурди HR брендии худ ширкат хоҳад кард.

Бонки Эсхата: «Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!»


Возврат к списку

ба боло