Бурди электромобилҳо гузаронида шуд! Ғолибони хушбахтро эълон менамоем
18.10.2023

Бурди электромобилҳо гузаронида шуд! Ғолибони хушбахтро эълон менамоем

Мо аксияи «Интиқоли Бурднок»-ро бо эълони ғолибони даври финалии аксия, ки бахт ба рӯяшон хандид, ҷамъбаст мекунем.

Дирӯз, санаи 17.10.2023с., 4 адад ЭЛЕКТРОМОБИЛ дар пахши мустақими ТВ Суғд ва шабакаи YouTube-и Бонки Эсхата бозии бурднок баргузор гардид.

Дар натиҷаи бозӣ киҳоро ин намуди нақлиёти экологӣ муяссар шуд? Рузҳои наздик кадоме аз иштирокчиени аксия паси рули электромобили деринтизор менишинанд?

Мо бо камоли хурсандӣ номи он ғолибонро эълон менамоем:

• Ёрова Анзарат Ҳошимовна, аз ш. Душанбе, купони бурднок 10007932
• Мансуров Неъматулло Мирзоевич, аз ш.Истаравшан, купони бурднок 20980589
• Эргашев Эраҷ Турабоевич, аз ш.Бохтар, купони бурднок 30586669
• Валиева Авзалмоҳ Қурбоновна, аз ш. Ваҳдат купони бурднок 40032131

Раванди қуръакашӣ аз ҷониби комиссия ва тамоми тамошобинони пахши мустақим мушоҳида карда шуд. Шаффоф будани бозии бурдро ҳайати комиссия тасдиқ мекунад. Ғолибон рузҳои наздик метавонанд электромобилҳои худро дастрас намоянд. Мо ҳатман оид ба маросими ҷоизасупорӣ гузориши алоҳида хоҳем кард.

Натиҷаи аксияи «Интиқоли бурднок»-ро ҷамъбаст карда, бори дигар хотиррасон менамоем, ки шумораи умумии ғолибони давраҳои марҳилавӣ, ки мукофотҳои пулӣ гирифтанд, 24 нафар ва инчунин 4 нафар соҳиби электромобилҳо гардиданд. 

Онҳое, ки ба пахши мустақим пайваст шуда натавонистанд, метавонанд сабти пахши мустақими барномро тавассути гузариш ба истиноди мазкур тамошо кунанд https://www.youtube.com/watch?v=ywelb9NklLs

Мо ғолибони ҳамаи давраҳои аксияи «Интиқоли бурднок»-ро аз таҳти дил табрик менамоем. Мо ба ҳамаи онҳое, ки дар аксия фаъолона иштирок намуда, умеди ғолибиятро наканда, то охири аксия ширкат карданд, миннатдории хешро баён менамоем. Аз онҳое, ки ғолиб наомаданд, даъват мекунем, ки ғамгин нашаванд, зеро дар пеш боз аксияҳои наву ҷолиб шуморо интизоранд.

Бонки Эсхата: «Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!»



Возврат к списку

ба боло