Бонки Эсхата аз дастовардҳои ҳамкасбони худ ифтихор дорад!
07.12.2023

Бонки Эсхата аз дастовардҳои ҳамкасбони худ ифтихор дорад!

Ифтихормандем, ки корманди мо Далер Содиқов бо нишони «Аълочии маблағгузории хурд” сарфароз гардонида шуд! 

Маросими мукофотонӣ имруз дар доираи Форуми молиявии “Ҳамкории минтақавӣ ҳамчун омили таҳкими инфрасохтори молиявӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои сармоя”, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Хайят Риҷенси ш.Душанбе ташкил карда шуд, баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки саҳми Далер Содиқов дар барпо ва таҳкими муносибатҳои муфиду тӯлонӣ бо шарикони байналимилалӣ, мусоидат дар ҷорӣ намудани лоиҳаву барномаҳои байналхалқии характери иҷтимоӣ дошта, ҳамчунон дар ҷалби сармояи хориҷӣ назаррас аст. Ӯ дар Бонки Эсхата наздик 20 сол таҷрибаи корӣ дорад, ки дар рушду пешравии равияи муносибатҳои байналмилалӣ кору фаъолият менамояд. Айни ҳол Далер Содиқов вазифаи муовини Сардори Департаменти молияи Бонки Эсхатаро ба уҳдаи худ дорад.

Ҳамкори гиромиро бо дастоварди навбатӣ самимона табрику муборакбод намуда, дар корҳои ояндаашон бурдориҳоро таманно дорем. Муборак бошад!


Бонки Эсхата: “Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!”


Возврат к списку

ба боло