Бонки Эсхата - таҷриба дар соҳаи ESG ва маблағгузории сабз
13.12.2023

Бонки Эсхата - таҷриба дар соҳаи ESG ва маблағгузории сабз

Санаҳои 7-8 декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Конфронси солонаи Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳамкории минтақавӣ ҳамчун омили таҳкими инфрасохтори молиявӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои сармоя” баргузор гардид. Дар чорабинӣ коршиносони пешқадам ва намояндагони ҷомеаи молиявӣ барои баррасии мавзӯъҳои калидии марбут ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва рақамисозӣ ҷамъ омаданд.

Яке аз мавзӯъҳои асосии конфронс баррасии таъсири ҳамкориҳои минтақавӣ ба таҳкими зерсохтори молиявӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои сармоя буд. Иштирокчиён мушкилот ва имкониятҳои марбут ба рушди ташкилотҳои маблағгузории хурд дар минтақа ва таъсири онҳо ба рушди иқтисодро баррасӣ карданд.

Яке аз иштирокчиёни фаъоли конфронс Бонки Эсхата малака ва таҷрибаи  худро дар соҳаи рушди молиявӣ муаррифӣ намуд. Муовини Раиси Раёсати Бонки Эсхата/Сардори Департаменти молия Дмитрий Валеревич Лисиченко дар ҷаласаи «Сармоягузориҳои марбут ба ESG: нишондиҳандаи минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ ва Аврупо» бо маърӯза дар мавзӯи «Трансформатсияи ESG дар ҶСК “Бонки Эсхата”» баромад кард”, ки дар рафти он ӯ таҷрибаи бонкро дар соҳаи рушди устувор ва масъулиятнокии иҷтимоӣ мубодила намуд. Ӯ ҳозиринро бо ҳадафҳои рушди устувор, ки дар Бонки Эсхата қабул гардида, амалӣ мешаванд, шинос намуда, таҷрибаи маблағгузории сабзро дар Бонк муфассал шарҳ дод.

Ба масъалаи вомбаргҳои сабз диққати махсус дода шуд. Зимнан зикр гардид, ки Бонки Эсхата барои ҳар як вомбаргҳои сабзи баровардашуда ба 4 Принсипи вомбаргҳои сабзи ICMA (Ассотсиатсияи байналмилалии бозорҳои сармоя), ки дар татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 мусоидат мекунад, риоя менамояд. 

Баромади Лисиченко Д.В. бо баҳси ҷолиб иборат аз як қатор саволҳо, ки аз ҷониби шунавандагони ҷаласа пешниҳод гардид, анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки Бонки Эсхата яке аз аввалин бонкҳо дар бозори Тоҷикистон аст, ки дар стратегияи худ принсипҳои ESG (экологӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ)-ро ҷорӣ кардааст. Бонки Эсхата дар доираи стратегияи рушди худ ва бо дарназардошти хусусиятҳои фаъолияташ 5 Ҳадафҳои афзалиятноки рушди устуворро муайян кардааст, ки дар ноил шудан ба онҳо фаъолона корбарӣ намуда истодааст https://eskhata.com/tj/about/news/6827/

Бонки Эсхата: “Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!»


Возврат к списку

ба боло