Туҳфаҳоро харида, кешбэк гиред!
19.12.2023

Туҳфаҳоро харида, кешбэк гиред!

То фарорасии иди Соли Нав рӯзҳои башумор мондааст, аммо шумо то ҳол барои оила ва дӯстонатон туҳфа нахаридаед? Шитоб накунед! Пеш аз он ки пулро сарф кунед, фикр кунед, ки чӣ тавр онро оқилона сарф карда метавонед.

Бонки Эсхата барои QR пардохтҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ кешбэк пешниҳод мекунад. Аз ин рӯ, ҳангоми харидорӣ намудани туҳфаи солинавӣ, тавассути «Эсхата Онлайн» пардохт кунед, соҳиби кешбэк гардед ва хароҷоти худро фоидаовар гардонед.

Маблағи кешбеки дар суратҳисоби бонусӣ дар Эсхата Онлайн нигоҳ дошта мешавад, ки шумо метавонед онро низ барои харидани туҳфа истифода баред ва боз ҳам соҳиби кешбэк гардед.

Инчунин ҳангоми пардохти хизматрасониҳо тавассути Эсхата Онлайн, аз қабили хизматрасониҳои давлатӣ ва коммуналӣ, хизматрасонии алоқаи мобилӣ, таксӣ, телевизион ва радио, интернет ва IP-телефония, операторони байналмилалӣ, алоқаи шаҳрӣ ва NGN, хизматрасониҳои тиб ва тандурустӣ кешбэк дода мешавад.

Кешбэк барои ҳар як пардохт дар ҳаҷми 1% пешниҳод мегардад. Ҳаҷми максималии кешбэк барои як истифодабаранда дар як моҳ, на зиёда аз 50 сомонӣ муқаррар шудааст.

Хароҷоти бефоида накунед, балки дар ҳамкорӣ бо Бонки Эсхата аз харочоти худ даромад гиред. Туҳфаҳоро харида, кешбэк гиред ва на танҳо оила ва дӯстони худ, балки худро низ хурсанд кунед.

Дар Соли Нав баром худ як корти бонкӣ туҳфа кунед. Кортро аз Эсхата Онлайн комилан ройгон фармоиш диҳедhttps://promo.eskhata.com/bepul

Бонки Эсхата: «Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо


Возврат к списку

ба боло