Тағиротҳо дар барномаи пардохти кешбэк
04.01.2024

Тағиротҳо дар барномаи пардохти кешбэк

Мизоҷони муҳтарам,

Ба таваҷҷуҳи Шумо оид ба тағироти муҳиме, ки дар барномаи кешбэки мо аз 4.01.2024с. эътибор пайдо кардааст, хабар медиҳем.

Бо хушнудӣ эълон менамоем, ки мо имконияти гирифтани кешбэкро ҳангоми QR пардохтҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз санаи 03.01.2024 то санаи 01.07.2024 сол тамдид намудем, зеро мо талаботи зиёдро маҳз ба ин намуди пардохт байни мизоҷони худ мебинем ва боварӣ дорем, ки ин афзалияти назарраси барномаи мо аст.

Инчунин, дар доираи барномаи тағирёфта аз 4.01.2024с. пардохти кешбэк барои хизматрасониҳои давлатӣ, коммуналӣ, маориф, тиб ва тандурустӣ тавассути барномаи мобилии “Эсхата Онлайн” қатъ мегардад. 

Аммо, ҳангоми пардохти хизматрасониҳои мобилӣ, такси, телевизион ва радио, интернет ва IP телефония, операторони байналмилалӣ, алоқаи шаҳрӣ ва NGN кешбэк фаъол боқӣ мемонад, то санаи 01.07.2024с. 

Хотиррасон мекунем, ки ҳаҷми кешбэк барои ҳар пардохт 1% ташкил карда, ҳаҷми максималии кешбэк барои як истифодабаранда дар як моҳ, на зиёда аз 50 сомонӣ муқаррар шудааст.

Қарор дар бораи ворид кардани тағирот, бо мақсади самараноктар татбиқ кардани барномаи кешбэк қабул карда шудааст, ки дар доираи он мо бояд ба он категорияҳои транзаксияҳо диққат диҳем, ки дар байни мизоҷони мо бештар маъмуланд.

Ташаккур барои интихоби бонки мо. Умедворем, ки ҳамкориҳои минбаъдаи мо боз ҳам пурсамар мегардад!

ҶСК "Бонки Эсхата"


Возврат к списку

ба боло