Бонки Эсхата бори навбатӣ ҳамчун бонки низомсоз эътироф гардид!
23.01.2024

Бонки Эсхата бори навбатӣ ҳамчун бонки низомсоз эътироф гардид!

Мизоҷон ва шарикони муҳтарам,

Мо хушхабар дорем!
Бо шарофати ҳамкориҳои судманд бо шумо Бонки Эсхата бори дигар ҳамчун бонки  низомсози кишвар эътироф гардид.

Дорои мақоми бонки низомсоз будан яке аз меъёрҳое мебошад, ки мизоҷ метавонад ҳангоми интихоби бонк барои кушодани пасандоз, кам кардани хатари талафот ва боварӣ ҳосил кардан ба дараҷаи баланди ҳифзи пасандоз роҳнамоӣ намояд.

Фаъолияти Бонки Эсхата ҳамасола аз ҷониби Оҷонсии рейтингии байналмилалии «Moody's Investors Service» бо рейтинги В3 ҳамчун бонки мунтазам рушдёбанда баҳогузорӣ карда мешавад ва ҳамасола аз ҷониби «Big Four» - чаҳор шабакаи калонтарини ширкатҳои аудиторӣ ва машваратӣ дар ҷаҳон мавриди санҷиш қарор мегирад.

Низомсоз будан барои Бонки Эсхата на танҳо эътирофи баланди танзимгар, балки як қатор талаботҳои иловагӣ оид ба риояи ин мақом аст, ки бояд аз болои онҳо кор кунем. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд боз ҳам беҳтар шавем!

Бонки Эсхата: "Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!"


Возврат к списку

ба боло