Хизматрасонии пур кардани кортҳои Русия муваққатан боздошта шудааст
21.02.2024

Хизматрасонии пур кардани кортҳои Русия муваққатан боздошта шудааст

Мизоҷони муҳтарам!

Ба маълумоти шумо мерасонем, ки имконияти пур кардани кортҳои Русия тавассути барномаи мобилии «Эсхата Онлайн» муваққатан боздошта шудааст.

Мутахассисони мо аллакай барои ҳалли мушкилот кор карда истодаанд ва мо дар бораи натиҷаҳои он ба шумо ба таври иловагӣ хабар медиҳем.

Иттилоотро аз анҷом ёфтани корҳои техникӣ тавассути сомона ва шабакаҳои иҷтимоии мо пайгирӣ кунед, то аз вазъият огоҳ бошед.

Барои фаҳмишатон ташаккур!

Бо эҳтиром, Бонки Эсхата


Возврат к списку

ба боло