Пеш аз гирифтани қарз аз бонк, мизоҷ бояд чиро донад? Кредит воситаи молиявии қулай ва хеле зарурӣ мебошад. Аммо бояд дар хотир дошт, ки қарз масъулияти калон аст. Аз ин рӯ, кӯшиш ба харҷ диҳед, то ки имконияти худро барои пардохт ба таври возеҳ баҳодиҳӣ намоед. Танҳо ба манбаи доимии даромад такя кунед. Агар шумо оиди гирифтани қарз қарор карда бошед, ба бонк ташриф оред ё бо он тамос гиред. Тамосҳои бонкиро метавонед дар сомонаи расмӣ дарёфт кунед. Барои гирифтани маълумоти дақиқ, саҳеҳ ва шаффоф дар бораи қарзҳо дар ҶСК "Бонки Эсхата" шумо метавонед тамос гиред бо:
Барои додани суол ба корманди бонк озод бошед:
Инчунин, Шумо метавонед ҷавобҳоро ба саволҳои зуд-зуд додашаванда дар ин ҷо пайдо кунед https://www.eskhata.com/tj/individuals/lending/faq.phpҶаримаҳое, ки бонк ҳангоми вайрон кардани шартҳои шартномаи қарзӣ (таъхир) пешбинӣ намудааст: Ҳангоми пардохти пеш аз муҳлат, фоизҳо аз рӯи факт ситонида мешаванд (яъне то рӯзи истифодаи қарз). Аммо дар сурати саривақт пардохт накардани қарз аз ҷониби Қарзгир, Бонк ҳуқуқ дорад барои ҳар як рӯзи таъхир аз пардохти батаъхирафтода ҷарима ба андозаи 48% (чилу ҳашт фоиз)-и солона ситонад. Қарзро метавон тавассути терминалҳои пардохтӣ, бонки мобилии "Эсхата Онлайн" ё бевосита тавассути офиси наздиктарини бонк пардохт кард (дар сурати пурра/қисман пеш аз муҳлат пардохтани қарз, ба коршиноси қарзии худ хабар доданро фаромӯш накунед). Барои адо кардани ҳамаи уҳдадориҳо тибқи шартҳои Шартномаи қарзӣ, Бонк метавонад аз Қарзгир фуруши гаравро талаб кунад. Дар ҳолати аз ҷониби Қарзгир қисман ё пурра иҷро нашудани уҳдадориҳо тибқи Созишномаи мазкур, Бонк ҳуқуқ дорад ба "Бюрои таърихи қарзҳо" ҳамчун чораи масъулият оиди Қарзгир маълумотнома диҳад. Агар даромад аз фурӯши амволи ба гарав гузошташуда барои қонеъ гардонидани талаботи Бонк нокифоя бошад, Бонк ҳуқуқ дорад амволи дигари Қарзгирро барои пӯшонидани маблағи камикунанда бидуни истифодаи ҳуқуқи имтиёзӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб кунад. Донистан муфид аст! Пеш аз имзо намудани Шартномаи қарзӣ бояд бо шартҳои он БОДИҚҚАТ шинос шуд. Агар ягон ҷои шартнома нофаҳмо бошад, барои пурсидан аз коршиноси қарзӣ шарм надоред! Таърихи қарзии мизоҷ ҷиҳати хеле муҳиме мебошад, ки мизоҷ барои худ эҷод мекунад! Таърихи хуби қарзӣ барои соҳиби он эътибори мусбии корӣ ба вуҷуд меорад, таърихи қарзии бад метавонад сабаби рад кардан барои додани қарзи такрорӣ гардад. Ба фоизи солонаи самараноки қарз диққат диҳед. Ин маблағи умумии ҳамаи пардохтҳое мебошад, ки Қарзгир тибқи шартномаи қарзӣ пардохт мекунад.
![]() Усули ҳисобкунии меъёри фоизии қарз, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ муайян карда шудаанд: Барои ҳисоб кардани фоизҳо ҳамчун асос зеромада ба назар гирифта мешавад: 360 рӯз дар як сол, агар қарз бо муҳлати пардохти то 1 сол эътиборан ва 365 рӯз барои қарзҳои муҳлати пардохташон зиёда аз 1 сол дода шудааст. Баҳисобгирии рӯзҳои тақвимӣ дар як сол (360 ё 365), ҳангоми ҳисоб кардани фоизи қарзҳо ва/ё маблағҳои ҷалбшуда (пасандозҳо ва ғ.) баробар бурда мешавад. Ҳангоми ҳисоб кардани фоизи қарзҳо формулаи зерин истифода мешавад: 𝐒 = (𝐤∗𝐫∗𝐭)/𝐃∗𝟏𝟎𝟎 S - Маблағи ҳисобшудаи фоизҳои қарз; k – бақияи қарз; r - Меъёри фоизи солонаи қарз; t - Шумораи рӯзҳои истифодашудаи қарз; D - Шумораи рӯзҳои тақвимӣ дар як сол (360 ё 365). Шумо метавонед қарзро бо истифода аз ҳисобкунаки қарзӣ тахминан ҳисоб кунедhttps://www.eskhata.com/individuals/lending/credit_calculator.php Қарзро оқилона гиред! Саволҳо ба миён омаданд? Бо мо дар тамос шавед ва мо ба шумо кӯмак мерасонем!
|